• Home »
  • ХАБАР »
  • Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Иди Саиди Фитр
Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Иди Саиди Фитр

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Иди Саиди Фитр

  Ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр ва ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандони милитсия дар саҳни ҳавлии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе якрмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир карда шуд. Иқдоми мазкур, ки аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирии ҳайати шахсии милитсияи пойтахт роҳандозӣ гардид, имкон медиҳад кормандони милитсия дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ назму тартиботро дар рӯзҳои таҷлили Иди Саиди Фитр бо сари баланд таъмин намоянд.
  Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорону фурӯшандагони маҳсулоти хуроквории бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро аз қабили гушт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор дастрас ба фурӯш бароварданд. Ҳамзамон дар баробари кормандони милитсия дигар шаҳрвандон низ молу маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ карданд.


  Қобили зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin