• Home »
  • ХАБАР »
  • Тӯҳфаҳои Идона ба ниёзмандону собиқадорони милитсия
Тӯҳфаҳои Идона ба ниёзмандону собиқадорони милитсия

Тӯҳфаҳои Идона ба ниёзмандону собиқадорони милитсия

  Аёдати пиронсолон, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва эҳсонкориву хайру саховатмандӣ, оини деринаи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста зимни суханрониҳои худ шаҳрвандонро ба эҳсонкорӣ даъват менамоянд.
  Воқеан ин падидаи наҷиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз роиҷ буда, дар рӯзҳои иду ҷашнҳои умумимиллӣ дар баробари аз вазъи саломатӣ, шароити зист ва сатҳи рӯзгори пиронсолон, махсусан иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат бархурдор гардидан, ҳамзамон кӯмакҳо низ расонида мешаванд, ки то андозаеи табъи онҳоро шод менамояд.
  Дар мақомоти корҳои дохилӣ низ ин анъана роҳандозӣ гардида, дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳо, ба собиқадорони милитсия ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба шаҳодат расида, туҳфаҳо супорида мешавад. Аз ҷумла, ин навбат дар доираи таҷлили Иди саиди Фитр бо ибтикори роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба як қатор ниёзмандону собиқадорон кӯмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, биринҷ ва шакуру тухм ичунин дигар анвои хӯрока расонида шуд.
  Ҳамин тариқ дар доираи иқдоми мазкур ба наздики 100-нафар оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия, кормандони маъюб ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин ҷанговарони интернатсионалист кӯмакҳои яквақтаина супорида шуд.
  Мавриди зикр аст, ки анҷом додани чунин амали хайр бори аввал набуда, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста аз ҳоли собиқадорони худ бохабар гардида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ кӯмаки моддии хешро ба собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо мерасонад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin