Санҷиши навори ирсол намудаи шаҳрванд

Санҷиши навори ирсол намудаи шаҳрванд

  Вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ҳамеша мавриди вокунишу эроди шаҳрвандон қарор гирифта, ҷиҳати ба танзим даровардани хизматрасонии онҳо ҳамарӯза шаҳрвандон ба мақомоти милитсия муроҷиат менамоянд.
  Аз ҷумла, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навори қоидавйронкунӣ аз мақомоти милитсия дархост намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Чуноне дар навор дида мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Солярис», рақами қайди давлатиаш 8596ТТ05, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Шерозӣ роҳро аз болои сафолакҳои ороишии байни роҳ убур ва ба самти чап гардиш намудааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайня гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур Розиқов Аъзамҷон Хисравович мебошад. Воқеан ин амали номбурда хилофи талаботу меъёрҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буда, дар баробари қонуншиканӣ ҳамзамон боиси бармаҳал вайрону коста гаштани қисмати роҳ мегардад.


  Вобаста ба ин нисбати Розиқов Аъзамҷон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баробари ҷаримабандӣ ҳамзамон ҷиҳати риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin