• Home »
  • ХАБАР »
  • Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ
Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 69-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2018, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2018, марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш манзили истиқоматиашро, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ба ному насабаш мегузаронад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
  Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin