Бартарафсозии таваққуфи нодуруст дар заминаи баррасии муроҷиати шаҳрванд

Бартарафсозии таваққуфи нодуруст дар заминаи баррасии муроҷиати шаҳрванд

  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва бартарафсозии тамоми намуди қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Дар ин радиф саҳми шаҳрвандон низ дар ошкору пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ назаррас арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки ҳангоми мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта, ҷиҳати баррасӣ расм ва навори қонуншиканиро ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.
  Аз ҷумла, дар асоси расми ирсолнамудаи як нафар истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ду нафар ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашон (такси), ки дар наздикии истгоҳ таваққуф намуда, боиси монеагии ҳаракати автобус шудаанд, боздошту ҷаримабандӣ карда шуд. Инҳо:
  Сангинов Пайрав Бобоҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла», рақами қайди давалатиаш 1060ТТ05, таваққуфи нодуруст;


  Муродов Абдуқодир Абдуманнонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Салярис», рақами қайди давалатиаш 8441ТТ05, таваққуфи нодуруст.


  Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар қатори дуюму сеюм ва дохилу наздикии истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ боиси тамбашавии сунъӣ гардида, назму тартибот дар роҳҳои автмобилгард вайрон мешавад. Дар робита ба ин ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои рейдӣ таъсис ва фаъолиятро ҷоннок намудаанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin