Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати пулчинаки (кондуктор) автомашинаи мусофирбари хатсайри №46, рақамҳои қайди давлатиаш 8194ТТ05 чораҳои даҳлдори қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, як нафар роҳгузарро мавриди латукуб қарор додааст.


  Дар натиҷаи санҷиш ва пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Каримов Абдуҷамил Қодирҷонович, санаи таваллудаш 22.02.1987, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Хоразмӣ мебошад, ки дар ҳақиқат ҳамчун пулчинак (кондуктор) дар хатсайри мазкур кору фаъолият менамояд.


  Зимни пурсиш номбурда амалҳои содирнамудаи худро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки аз сабаби нофаҳмиҳои ночизи лафзӣ дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
  Вобаста ба ин нисбати Каримов Абдуҷамил аз ҷониби кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардид.
  Ҳамзамон дар натиҷаи баррасии навори ирсол намудаи шаҳрвандон як нафар ронандаи автомашинаи дигар барои тавақкуфи нодуруст боздошт гардид.


  Ин нафар шаҳрванд Каримов Алишер Абдурашитович ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 7203ВК03 мебошад, ки автомашинаи худро ба таври нодуруст таваққуф намуда, ба ҳаракати троллейбус монеагӣ эҷод намудааст. Вобаста ба ин нисбати номбурда барои дар ҷойи номуқарраргардида таваққуф намудан прототокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin