• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Таҳқиқи навор: ҳабсу ҷаримабандии ду нафар бародарон барои худсарона (самасуд) ҷазо додани ронанда
Таҳқиқи навор: ҳабсу ҷаримабандии ду нафар бародарон барои худсарона (самасуд) ҷазо додани ронанда

Таҳқиқи навор: ҳабсу ҷаримабандии ду нафар бародарон барои худсарона (самасуд) ҷазо додани ронанда

  Санаи 26-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонписар бо ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира» инъикос ёфта, гуфта мешуд, ки пиёдагардон ронандаи автомашинаи мазкурро барои роҳ надодани онҳо дар роҳи пиёдагард мавриди дашному ҳақорат ва зери латукуб қарор додаанд. Ҳамзамон навори мазкур мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, амали худсарона (самасуд) ҷазо додани ронанда аз ҷониби пиёдагардон маҳкум гардида, аз мақомоти милитсияи пойтахт хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ шудаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҷавонони вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ муайяну дастгир карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 26-уми марти соли ҷорӣ ду нафар – бародарон:
Хурсандов Ҳикматулло Абдусаломович, санаи таваллудаш 10.03.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Б.Ғафуров;


Хурсандов Муҳаммадҷон Абдусаломович, санаи таваллудаш 01.12.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Б.Ғафуров;


ки дар кӯчаи С.Айнӣ ба сӯи маркази савдои «Пайкар» аз роҳи пиёдагузар мегузаштанд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира» рақамҳои қайди давлатиаш 6068NN01, шаҳрванд Ғаниев Шоҳрух Илҳомович, санаи таваллуда 06.09.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Деҳотӣ-ро мавриди дашному ҳақорат қарор додаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Хурсандов Ҳикматулло бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд. Барои ноболиғ будани бародари номбурда шартан нисбати падараш тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуд.
  Ҳамзамон нисбати ронандаи автомашинаи мазкур низ барои роҳ надодан ба пиёдагард тибқи талаботи моддаи 324 КҲМ ҶТ прокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки бо мушоҳидаи чунин кирдорҳои зиддиқонунӣ онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба суроғаҳои электронии милитсияи пойтахт ирсол намоянд ва даст ба ҷазодиҳии худсарона назанед, зеро ҳар як амали номатлуб дар назди қонун ҷавобгарӣ дар пай дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin