Дастгир гардидани қаллоби сохтакор

Дастгир гардидани қаллоби сохтакор

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2018 ҳангоми дар шаҳри Қазон ва шаҳри Уфаи Федератсияи Россия қарор доштанаш марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 миллиону 725 ҳазор рубли русӣ, либоса ва пойафзолҳои гуногунро барои тиҷорат гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
  Инчунин номбурда бо мақсади сохтакории ҳуҷҷатҳо соли 2019 шиносномаи қалбакии биометрии таҳти №402596963-ро барои худ бо ному насаби дигар шаҳрванд ба расмият дароварда, бо шиносномаи мазкур моҳи ноябри соли 2019 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намудааст.
  Айни ҳол нисбати номбурда аз тарафи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо модаҳои 247 қисми 4 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin