• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошти ронандаи «Приора» барои насби рақамҳои бегона ва таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда (мигалка)
Боздошти ронандаи «Приора» барои насби рақамҳои бегона ва таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда (мигалка)

Боздошти ронандаи «Приора» барои насби рақамҳои бегона ва таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда (мигалка)

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Лада Приора» рақами қайди давлатиаш 700ММ03, барои истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда, ки бо истифодаи он оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи номбурда шаҳрванд Оймаҳмадов Амирҷон Исмоилович, санаи таваллудаш 10.06.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамсӣ мебошад, ки бар замми ғайриқонунӣ насб намудани таҷҳизотҳои махсуси салоҳидандаю равшанидиҳанда, ҳамзамон бо рақамҳои қайди давлатии бегона автомашинаи худро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идора мекардааст.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки рақамҳои қайди давлатии автомашинаи мазкур 1111SD03 буда, рақамҳои қайди давлатии 700ММ03 ба дигар автомашина, яъне автомашинаи тамғаи «Хундай», ки ба ширкати ҶДММ «Роҳи байналмилалӣ» ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад. Номбурда дидаву дониста бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Оймаҳмадов Амирҷон тибқи талаботи моддаҳои 313 (рақами бегона) ва 316 (насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, далелҳои қоидавайронкунӣ мусодира ва автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin