• Home »
  • ХАБАР »
  • 7-шабонарӯз: ҳабси соҳибмулки маркази компютерии «Симин» барои роҳ додани ноболиғон
7-шабонарӯз: ҳабси соҳибмулки маркази компютерии «Симин» барои роҳ додани ноболиғон

7-шабонарӯз: ҳабси соҳибмулки маркази компютерии «Симин» барои роҳ додани ноболиғон

  Бо мақсади пешгирии шабгардиву оворагардии ноболиғон, машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ доир карда мешавад.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши навбатӣ дар маркази компютерии «Симин» муайян карда шуд, ки 6-нафар ноболиғон дар нимашабӣ машғули бозиҳои зараровари компютерианд. Ҳарчанд қаблан аз ҷониби кормандони милитсия ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон соҳибмулку маъмури маркази компютерии мазкур шаҳрванд Қурбонов Рустам Саидҷаъфарович, санаи таваллудаш 28.10.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Ганҷавӣ, расман огоҳонида шуда бошад, ҳам номбурда бар хилофи қонунгузорӣ амал намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғулшудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаст.
  Вобаста ба ин нисбати Қурбонов Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin