15-шабонарӯз ҳабси модарозори навбатӣ

15-шабонарӯз ҳабси модарозори навбатӣ

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати як нафар модар, сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд Шарипов Шеравган Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 07.07.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковскийро барои таҳқиру озору модар дастгир намуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда, чандест ба нушидани машрубот майл намуда, дар ҳолати сархушӣ нисбати модари худ бо алфози қабеҳ бадгуфторӣ мекардааст.
  Аз ҷумла, номбурда санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ низ дар назди манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Маяковский нисбати модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди ҳамсоягону атрофиён паст задаст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда, Шарипов Шеравган тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Номбурда аз кирдори содирнамудаи худ изҳори таассуфу пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки дигар ҳеҷ гоҳ модари худро озор нахоҳад дод.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin