• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таъмини тартибот аз ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагии калон дорад!
Таъмини тартибот аз ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагии калон дорад!

Таъмини тартибот аз ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагии калон дорад!

  -Нигоҳ доштани сулҳу субот ва таъмини тартибот аз ҳамкорию ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагии калон дорад. Танҳо дар якҷоягӣ ва бо иттиҳод метавон дар пешрафту шукуфоӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳм гузошт, – зикр намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.


  Қобили зикр аст, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, силсилавохурӣ ва мулоқотҳои судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт бо сокинони шаҳри Душанбе доир гардида истодаанд.


  Дар мулоқоти навбатӣ бо сокинони ноҳияи Фирдавсӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Абдухолиқзода Муҳаммад, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин ва фаъолону сокинони ноҳия ширкат намуданд.
  Чуноне сардори мақомоти милитсияи пойтахт таъкид намуд, Паём-санади муҳиму раҳнамунсоз баҳри шукуфоии миллат ба ҳисоб рафта, тамоми самтҳои фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва дурнамои давлатдориву зиндагонии мардумро фаро мегирад. Дар ин раванд ҳар фарди ҷомеа бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри ободу зебо гардонидани кишвар, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҳиссагузор бошад.


  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҳамчунин пиромуни содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу халалдоркунандаи тартибот суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки дар тарбияи ҳуқуқиву маънавии фарзандон ва инкишофи зеҳниву маънавии онҳо ҳар як нафар, махсусан волидайн бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Зеро тибқи таҳлилҳо маҳз бепарвоию беназорат мондани фарзандон боис ба содирнамоии амалҳои хилофи қонун гардидааст.
  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин низ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки сокинони ин ноҳия бо масъулияти баланд баҳри иҷрои дастуру супориш ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, баҳри пешрафту шукуфоии пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе бо тамоми масъулият кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
  Дар қисмати дигари мулоқот сокинон низ суханронӣ намуда, як қатор суол ва пешниҳодҳои муфид намуданд.


  Чунин мулоқоти судманд ва вохӯрии озоду ошкорои бо сокинону фаъолони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ доир гардидид. Дар мулоқоти мазкур роҳбарияти милитсияи пойтахт, комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло Файзулло ва сокинону фаъолони ноҳияи мазкур ширкат намуданд.
  Нахуст чорабиниро сардори мақомоти милитсияи пойтахт оғоз бахшида, нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.


  Тавре номбурда дар ҷараёни суханронии худ иброз дошт, Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба нерӯи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва хизмат ба сафи Артиши миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, пайваста ҷавононро ҳамчун қишри ояндасози миллату давлат арзёбӣ мекунанд. Тавре Пешвои миллат дар як суханрониашон иброз доштаанд:«Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».

  Вобаста ба ин, аз кулли фаъолон ва иштирокдорони мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамаи институтҳои шаҳрвандӣ, махсусан он нафароне, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъуланд, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон саҳмгузор гардида, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  Дар ҷараёни вохӯрии мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамзамон вазъи содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҳудуди ноҳияи Синоро бо овардани факту рақамҳои мушаххас баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии он роҳу усулҳои муосирро пешниҳод намуд.


  Метавон гуфт, ки баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа муфид буда, дар таҳкими тартибот, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳми беандоза хоҳад гузошт.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin