• Home »
  • ХАБАР »
  • Нофаҳмиҳои ночизи оилавӣ оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад!
Нофаҳмиҳои ночизи оилавӣ оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад!

Нофаҳмиҳои ночизи оилавӣ оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад!

  Муноқиша ва ҷиноятҳои вазнин дар муҳити оила дар бештари маврид аз нофаҳмиҳои хурду ночиз оғоз ёфта, оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад. Воқеан ҷомеаи ободу пешрафта аз солимии оилаҳо вобастагии калон дорад. Кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди чунин корҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Икромов Асадулло санаи таваллудаш 19.04.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спитамен муносибатҳои дағалонаву ноустуворро ба роҳ монда, бо амалу рафтори нохушоянди худ боиси озори аъзои оила гардидааст. Номбурда нисбати дигар аъзоёни оилаи худ дашному ҳақорат ва алфози қабеҳро истифода намуда, боиси озору азияти онҳо гардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin