• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: 4 нафар ҷавонон барои вайрон намудани тартибот дар вақти шабона ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!
Таҳқиқи навор: 4 нафар ҷавонон барои вайрон намудани тартибот дар вақти шабона ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!

Таҳқиқи навор: 4 нафар ҷавонон барои вайрон намудани тартибот дар вақти шабона ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли навор, ки дар он ҳолати бо садои баланд дашному ҳақорат додани як нафар ҷавондухтар дар вақти шабона инъикос ёфтааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

 Вобаста ба санҷиши ҳолати мазкур зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки ин ҳодиса шаби 31-уми январ ба 1 феврали соли ҷорӣ, тақрибан соати 2-и шаб дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, назди қаҳвахонаи «Ню-Йорк» рух додаст. Тавре муайян гардид, ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст шаҳрванд Ибодова Зуҳро Зиёдуллоевна санаи таваллудаш 13.07.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н. Қарабоев мебошад.


  Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки номбурда тахминан соати 2-и шабона ба қаҳвахонаи «Ню-Йорк» барои гирифтани телефони фаромӯшнамудаи бародараш меояд, ки дар ин ҳолат нисбаташ кормандони қаҳвахонаи мазкур дағалона рафтор намуда, ӯро мавриди озору таҳқир қарор медиҳанд. Сипас дар ҷавоб чуноне, ки дар навор дида мешавад, шаҳрванд Ибодова Зуҳро низ ба суханони таҳқиромез ва бо алфози қабеҳу садои баланд кормандони қаҳвахонаро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, оромии ҷамъиятӣ ва осудаҳолии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур барои озор ва таҳқиру дашноми ҷавондухтар шаҳрвандон:
Ярмухаммедов Алиҷон Файзалиевич санаи таваллудаш 17.10.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маъмур (администратор)-и қаҳвахонаи «Ню Йорк»;


Кабутов Тоҳирҷон Комилҷонович санаи таваллудаш 20.11.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк»;


Кабутов Фаррух Собирҷонович, санаи таваллудаш 15.01.2005, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Болошаҳр, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк»;


 дастгир гардида, нисбати ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа бо қарори Суд нисбати ҳар се нафар кормандони қаҳвахонаи «Ню-Йорк» ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

   Илова бар ин, дар асоси қарори Суд нисбати шаҳрванд Ибодова Зуҳро тибқи талаботи ҳамин модда бинобар сабаби дар тарбияташ доштани кӯдаки ноболиғ шартан ҷазои сабуктар дар намуда ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо  таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin