• Home »
  • ХАБАР »
  • То ба кай? Боз як нафар мард барои озори модар ҳабс гардид!
То ба кай? Боз як нафар мард барои озори модар ҳабс гардид!

То ба кай? Боз як нафар мард барои озори модар ҳабс гардид!

  Ҳарчанд эҳтироми волидайн қарзи инсонии ҳар як нафар ба ҳисоб рафта, шарафу мақом аз хидмату дуои модар шахсро соҳибмартаба мегардонад, мутаассифона баъзе аз афроде дар ҷомеа ҳастанд, ки бо амалу рафтор ва алфози қабеҳ боиси озори волидайни худ мешаванд.

   Мақомоти милитсияи пойтахт бо мақсади пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят ва нофаҳмиҳо дар ҳудуди оила тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чанде аз фарзандон барои озору азияти волидайн ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шудаанд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Мусофиров Парвиз Комилович санаи таваллудаш 08.10.1971, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд барои озори модар ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.


  Номбурда санаи 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Қосимов ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша ва нисбати онҳо суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задаст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Мусофиров Парвиз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin