• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ду ҷавон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона
Ҳабси ду ҷавон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона

Ҳабси ду ҷавон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона

  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, афроди қонуншиканро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамояд. Махсусан дар вақти шабона вайрон намудани оромии шаҳрвандон ин беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ба шумор меравад.
   Ҳафтаи равон низ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ду нафар вайронкунандагони тартибот, шаҳрвандон:
Мирзоев Дилшод Муродалиевич санаи таваллудаш 04.03.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳосилот;


Муродов Олимҷон Амирович санаи таваллудаш 06.12.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ;


барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона дастгир гардиданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон санаи 30-юми январи соли ҷорӣ тахминан соати 22:30 дақиқа дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Крупская байни якдигар муноқиша ва ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду дастгиршудагон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin