• Home »
  • ХАБАР »
  • Рейду амалиётҳои санҷишӣ: пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушию компютерӣ
Рейду амалиётҳои санҷишӣ: пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушию компютерӣ

Рейду амалиётҳои санҷишӣ: пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушию компютерӣ

  Дар доираи рейду амалиётҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳафтаи ҷорӣ низ фаъолияти як қатор марказҳои бозии компютерӣ бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Гарчанде тамоми соҳибмулкону маъмурони чунин марказҳои компютерӣ ҷиҳати монеъшавии ноболиғон расман огоҳонида шуда бошанд ҳам чуноне дар ҷараёни санҷишҳои навбатӣ муайян гардид, бархе аз онҳо талаботи қонунгузориро сарфи назар намудаанд.
  Аз ҷумла, зимни санҷиш дар маркази бозиҳои компютерӣ воқеь дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино муайян гардид, ки як қатор ноболиғон дар нимашабӣ ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғуланд. Шаҳрванд Раҳмонов Самандар Раҷабалиевич, санаи таваллудаш 06.12.1994, сокини н.Темурмалик, деҳаи Танобчӣ, ки ба ҳайси маъмур ба истилоҳ администратор фаъолият дорад, бо мақсади ба даст овардани маблағи иловагӣ монеъи воридшавии ноболиғон нагардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, шуда, дар асоси қарои суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.
  Инчунин дар ҷараёни амалиёти санҷишӣ дар маркази дихӯшии «Тигр» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки дар нимашабӣ ду нафар ноболиғ машғули дилхӯшианд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки муҳофизи маркази дилхушии мазкур шаҳрванд Нуриддинов Муродалӣ Сафармадович, санаи таваллудаш 30.06.1998, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳаи Панҷосёб беаҳамиятӣ зоҳир намуда, барои воридшавии ноболиғон ба маркази дилхӯшӣ мусоидат намудаанд.Вобаста ба ин нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди н.Шоҳмансур ба маблаги 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуд.
  Ҳамзамон нисбати волидайни ноболиғон барои беаҳамиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи моддаи 90 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin