• Home »
  • ХАБАР »
  • Оқибати мастӣ: Ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Оқибати мастӣ: Ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Оқибати мастӣ: Ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Мутаассифона баъзе нафарон машруботи спиртиро аз меъёр зиёд истеъмол намуда, дар бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси озори шаҳрвандон мегарданд.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳафтаи ҷорӣ якчанд далели дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро ошкор ва нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Боев Ҳошимшо Ҳакимович, санаи таваллудаш 14.03.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегин, дар ҳолати мастӣ дар назди бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур, шаҳрвандону атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардааст.


  Нисбати бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон проколои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Инчунин шаҳрванд Бердиев Хуршед Бобомуродович, санаи таваллудаш 05.05.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҷ.Икромӣ низ аз ҷониби кормандони милитсия барои таҳқиру дашноми шаҳрвандон боздошт гардид. Номбурда низ дар ҳолати мастӣ дар бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаааст.


  Нисбати номбурда низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin