• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқот дар ҳошияи Паём: ҳамкории милитсия бо сокинони пойтахт тақвият меёбад!
Мулоқот дар ҳошияи Паём: ҳамкории милитсия бо сокинони пойтахт тақвият меёбад!

Мулоқот дар ҳошияи Паём: ҳамкории милитсия бо сокинони пойтахт тақвият меёбад!

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паём ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардидаанд, силсила мулоқоту вохӯриҳои озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолону сокинон ва раисони маҳаллаҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.


  Аз ҷумла, чунин мулоқоту вохӯрии самимӣ дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Абдухолиқзода Муҳаммад, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мусозода Илҳом ва фаъолону сокинони ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт нахуст чорабиниро оғоз намуда, дар доираи Паёми раҳнамунсози Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи ҳуқуқию зираки сиёсӣ, эҳёи сунатҳои миллию арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва пеш аз ҳама баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ҳифзи марзу буми аҷдодӣ маърӯзаи пурмуҳтавое ироа намуд.
  Чуноне номбурда зимни суханронии худ иброз дошт дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Қарори Раиси шаҳри Душанбе гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил карда шудаанд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар институтҳои ҷамъиятӣ рейду амалиётҳои муштарак ва мулоқоту суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, маърифату одоби шаҳрдории сокинони пойтахтро баланд мебардоранд.


  Тавре дар мулоқот гуфта шуд, маҳз шароитҳои мусоиди фароҳамгашта ва иҷрои баланди уҳдадориҳои хизматист, ки сол аз сол сатҳи содиршавии ҷинояту амалҳои нописанд дар ҷомеа коҳиш ёфта, милитсияи пойтахт бо амалигардонии тарзу усулҳои нави корбарӣ пеши роҳи ҳама гуна ҷинояткориро гирифта истодааст.

  Чунин вохӯриву мулоқоти судманд бо сокинону фаъолон ва кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур низ аз ҷониби роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҳудуди ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз кулли сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии он бо мақомоти милистия дар ҳамкории зич бошад. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ бо тамоми институтҳои шаҳрвандӣ, фаъолони ҷомеа ва дар умум бо кулли шаҳрвандон метавон дар иҷрои ҳама кор муваффақ гардид.


  Дар қисмати дигари мулоқотҳои мазкур иштирокдорон-сокинону фаъолони ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, суол ва пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin