• Home »
  • ХАБАР »
  • МАКТАБИ ШУҶОАТУ МАРДОНАГӢ: Конференсияи навбатии Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе
МАКТАБИ ШУҶОАТУ МАРДОНАГӢ: Конференсияи навбатии Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе

МАКТАБИ ШУҶОАТУ МАРДОНАГӢ: Конференсияи навбатии Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе

  – Собиқадорони милитсия дар тӯли фаъолияташон баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, корнамоиҳо нишон додаанд, – афзуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар конфронси навбатии Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе, ки 12 феврал бо ташаббуси роҳбарияти ин раёсат ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Созмони собиқадорони ВКД, бо иштироки раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм ва аъзои созмон, раисони шӯроҳои собиқадорон ва нафақахӯрону собиқадорони шуъбаҳои милитсияи пойтахт, роҳбарияти РВКД ва муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид.


  Шариф Назарзода дар идома оид ба фаъолияти назарраси Шӯрои собиқадорони РВКД ва шӯроҳои поёнии он дар ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти ВКД нисбати собиқадорону нафақахӯрони мақомоти милитсия, инчунин фаъолияти пурсамари онҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия сухан ронд.
  Мавсуф афзуд, ки таърихи начандон тӯлонии фаъолияти созмон исбот намудааст, ки он ҳамчун мактаби шуҷоату мардонагӣ, тарбия ва роҳнамоии кормандони ҷавони милитсия, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ, қонунсолорӣ ва волоияти қонун, таълим додани насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва бойи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавон нақши назаррас доранд.


  Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе полковники мустаъфии милитсия Раҳматшо Негматов оид ба бурду бохти панҷ соли охири фаъолияти босамари шӯро, баргузории вохӯриву чорабиниҳои роҳбарияти РВКД ва ШВКД-ҳои пойтахт бо собиқадорону нафақахӯрон, кумакҳои расонидашуда дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнвораҳо ба онҳо ва маъюбону барҷомондагон, нақшаи чорабиниҳои гузаронидашуда, инчунин дигар самтҳои фаъолияти шӯро баромад намуд.
  Мавсуф зикр кард, ки Шӯрои собиқадорони РВКД то ба имрӯз ҳар он ваколате ба зимма дошт, сарбаландона иҷро намуда истода, дар тарбияи кормандони ҷавони милитсия, иштироки фаъолонаи собиқадорон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ саҳми арзанда доранд ва дар минбаъда низ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд баҳри ободии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ва баланд гардидани мақоми милитсия дар ҷомеа нақши арзанда гузоранд.


  Ҳамзамон, раисони шӯроҳои собиқадорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз натиҷаҳои фаъолияти кориашон назди ҳозирин ҳисобот доданд.
  Бояд қайд кард, ки тибқи Оинномаи Созмони собиқадорони ВКД ва банди 2.16-и Оинномаи Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе ваколати роҳбарияти ҳозираи шӯрои мазкур ба итмом расида, аз ҷониби роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии РВКД, раиси нави Шӯрои собиқадорон полковники мустаъфии милитсия Амирхон Ҷобирзода, ки солиёни дароз дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст, интихоб гардид.


  Хизматҳои содиқонаву поквиҷдононаи Раҳматшо Негматов аз мадди назари роҳбарият дур намонд ва ӯ барои хизматҳояш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.


  Дар идома чорабинӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷӯрахонзода фаъолияти назарраси Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ намуда, афзуд, ки имрӯз назди Созмони собиқадорони ВКД 86 бахши шӯроҳои собиқадорон дар саросари ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва миёни онҳо Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе бо дастоварду пешравиҳо мақоми хосро ишғол менамояд.


  – Мебояд дар баробари пешбурди самти фаъолият, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, вохӯриҳо, дар пешгирии қонуншиканӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон бештар саҳмгузор буд ва ҳамаи инро тавассути васоити ахбори омма ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод, – гуфт номбурда ва инчунин, оид ба тарзи дуруст риоя намудани ҳуҷҷатгузориву дафтардории шӯроҳои собиқадорони шаҳр, ҳуҷраҳои кории онҳо, тартиб додани нақшаи чорабиниҳо дар фаъолияти минбаъда ибрози андеша намуд.
  Дар идомаи ҷаласа муовини сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич зикр кард, ки: «бо дастгириҳои роҳбарият, бахусус сардори РВКД генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода мо дар ҳама ҳолат дастгиру мададгори шумоем, барои ҳар як собиқадорону нафақахӯрон дарҳои мо бозанду метавонед бо дили пур омада, ҳамсуҳбат гардем ва донед, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар бари шумо роҳбаладони насли ҷавон қарор дорем».


  Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Созмони собиқадорони ВКД ва роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе як қатор собиқадорону нафақахӯрон бо Сипосномаю тӯҳфаҳо ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ
Сироҷиддин Шукурӣ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin