Боз як нафар марди модарозор ҳабс гардид!

Боз як нафар марди модарозор ҳабс гардид!

  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Субҳонов Валиҷон Расулович санаи таваллудаш 20-уми сентябри 1979, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе, барои озори модар дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба модараш дарафтода, модари пиронсолашро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.
  Воқеан боиси таассуф ва андуҳи бузург аст, ки баъзе аз чунин афрод волидайни худро мавриди озор қарор дода, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Субҳонов Валиҷон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin