• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт баъди 1 соати ҳодиса: 15 шабонаруз ҳабси маъмурӣ барои майдаавбошӣ
Боздошт баъди 1 соати ҳодиса: 15 шабонаруз ҳабси маъмурӣ барои майдаавбошӣ

Боздошт баъди 1 соати ҳодиса: 15 шабонаруз ҳабси маъмурӣ барои майдаавбошӣ

   Санаи 14 феврал, тахминан соатҳои 17.30 дақиқа як нафар сокини шаҳри Душанбе дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри акси ҷавони тахминан 20-25 сола иттилоъ дод, ки як нафар ҷавони ношинос ба наздаш омада, ӯро мавриди таҳқир қарор ва баъди таҳдиди куштан намудан, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
   Вобаста ба санҷиши хабари мазкур кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуда, баъди як соати ҳодиса нафари гумонбарро дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки нафари дастгиргардида шаҳрванд Исмоилов Туғён Фаррухович, санаи таваллудаш 14.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат дорад.


   Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Исмоилов Туғён Фаррухович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.
   Айни ҳол санҷиш ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда Исмоилов Туғён бо дигар ҷиноятҳо идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin