• Home »
  • ХАБАР »
  • 12-шабонарӯз ҳабси мард барои озори такрории ҳамсар
12-шабонарӯз ҳабси мард барои озори такрории ҳамсар

12-шабонарӯз ҳабси мард барои озори такрории ҳамсар

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ба миён овардани фазои солими оиладорӣ, мутаассифона ҳастанд боз нафароне, ки бо амалу кирдорҳои ношоями худ боиси озори аҳли хонаводаи худ мегарданд.
  Ҳафтаи ҷорӣ низ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати ҳамсар шаҳрванд Ҳусайнов Миралӣ Умарович санаи таваллудаш 11.07.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегинро барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастир намуданд.
  Мавриди зикр аст, ки номбурда ба нушидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашному ҳақорат қарор медодааст, Қаблан санаи 17-уми декабри соли 2021 низ номбурда барои чунин амали номатлуб дастгир ва ба муҳлати 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуда буд.
  Номбурда баъд аз таъини ҷозаи маъмурӣ амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор дода, дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задаст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin