• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабс барои «алик-малик» ва ҳушдор: аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур насозед!
Ҳабс барои «алик-малик» ва ҳушдор: аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур насозед!

Ҳабс барои «алик-малик» ва ҳушдор: аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур насозед!

   Бо мақсади ба таври муфт ба даст овардани маблағ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ баъзан вақт инсонҳои кӯтоҳандешу сабукфикр даст ба иҷрои ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб мезананд, ки хилофи талаботи қонунгузорист. Бояд гуфт, ки ин тоифа шаҳрвандон бо роҳи фиребу маккорӣ аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур сохта, мехоҳанд зиндагонии осоишта дошта бошанд, ки дар баробари ғайриқонунӣ будан, ин амали ноҷавонмардона ба ҳисоб меравад.
   Як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, ин аз ҷониби баъзе аз афрод ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» мебошад. Бояд гуфт, ки нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсияи пойтахт тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
   Аз ҷумла ҷиҳати санҷиши муроҷиати як нафар сокини пойтахт оид ба фаъолияти ғайриқонунии чунин афрод дар назди маркази савдои Садбарг кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа 2 нафар аъзояи як гурӯҳи қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба ин кирдори ғайриқонунӣ даст зада ба бозии «алик-малик» машғул будаанд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Онҳо:
   Ёқубов Муҳаммадзоир Файзуллоевич соли таваллудаш 27.05.1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А.Навоӣ;


Мусоев Манучеҳр Гурезович соли таваллудаш 13.12.1987, истиқоматкунандаи ш Кулоб;


   Вобаста ба ҳолати кор нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
   Бо таҳияи матлаби мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинону мехмони пойтахт мерасонад, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан фавран тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, онро барои баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоед. Илова бар ин, ба дигарон низ ҳушдор дода мешавад, ки дар сурати даст задан ба чунин кирдор ҳатман назди қонун ҷавоб мегӯянд!

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin