• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси роҳбар ва посбонони маркази дилхушии Самира барои муноқиша дар тарабхонаи Малика
Ҳабси роҳбар ва посбонони маркази дилхушии Самира барои муноқиша дар тарабхонаи Малика

Ҳабси роҳбар ва посбонони маркази дилхушии Самира барои муноқиша дар тарабхонаи Малика

  Шаби 3-юми январи соли ҷорӣ тахминан соати 21-и шаб дар тарабхонаи «Малика» воқеъ дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино байни як гурӯҳ мизоҷони тарабхонаи мазкур, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша ба миён омада, якдигарро аз ҳиссиёти авбошӣ мавриди дашномҳои қабеҳ қарор додаанд.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати ошкору муайянсозии вайронкунандагони тартибот ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани онҳо дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сабабу омилҳои муноқишаи мазкурро муайян ва гумонбаронро дастгир намуданд.
    Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд:
-Муҳсиддинов Манучеҳр Нурович, соли таваллудаш 20.04.1990 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ, роҳбари маркази дилхушии «Самира»,


бо ҳамроҳии рафиқони худ шаҳрвандон:

Ҳотамов Ҷамолиддин Ҳамроевич, соли тавалудаш 30.01.1998, истиқоматкунандаи н.Темурмалик, ҷамоати шаҳраки Совет, посбони маркази дилхушии «Самира»; 


-Мусаммиров Усмон Илҳомиддинович, соли таваллдуш 22.10.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Матонат, посбони маркази дилхушии «Самира»;


-Қамаров Ҳусейн Авзалович, соли таваллудаш 10.02.1997, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Р. Набиев, посбони маркази дилхушии «Самира»;


дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи «Малика» муноқиша намуда, бо овози баланду дашномҳои қабеҳ дар баробари тартибот ва оромии ҷамъиятиро  вайрон намудан, шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin