• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзии як гурӯҳ ҷавонон дар назди тарабхонаи «Марко Поло» воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино инъикос ёфтааст. Шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои ичтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ин ҳодиса санаи 9-уми январи соли ҷорӣ тахминан соати 19:00 дақиқа рух дода, шаҳрванд Имомназаров Руслан Ақназарович санаи таваллудаш 17.05.1973, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, оиладор соҳиби 3 фарзанд, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ тибқи талаботи моддаи 284 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.


  Зимни пурсиши номбурда ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур кирдори зиддиҳуқуқии Имомназаров Руслан исботи худро ёфта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Имомназаров Руслан ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin