• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) дар шоми зодрӯзӣ будааст!
Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) дар шоми зодрӯзӣ будааст!

Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) дар шоми зодрӯзӣ будааст!

   Шаби 13 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 21.30 дақиқа дар шабкаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гуфта мешавад дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе садои баланди таркишмонанд шунида шудааст.
   Бо мақсади санҷиш ва муайян намудани хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида гуруҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа муайян намуд, ки садои таркишмонанди рухдода истифодаи оташфаввора (салют) аз ҷониби як нафар сокини пойтахт будааст, ки дар натиҷа вайронкундаи тартибот дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
   Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Кучаров Мурод Рустамович санаи таваллудаш 22.03.1989 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳамчун соҳибкори фуруши масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, шаби 13 январи соли ҷорӣ, соати 21.00 дақиқа дар шоми зодрузии духтари 8 солааш дар саҳни ҳавлии истиқоматии кӯчаи Алишер Навоӣ 17/5-и ноҳияи Сино як адад оташфаввораи пуриқтидорро ба кор андохтааст. Дар натиҷаи оташафрӯзӣ маводи пиротехникиии оташфаввора (салют) 8 маротиба ба ҳаво фаввора зада, дар вақти шабона оромии ҷамъиятӣ ва тартиботи сокинони минтақаро халалдор намудааст.


   Тавре муайян карда шуд, оташфаввораи мазкур ба гуруҳи маводҳои пиротехникии пуриқтидор дохил шуда, онро номбурда қаблан ба таври ғайриқонунӣ харидорӣ ва нигаҳдорӣ намуда, дар шаби таҷлили зодрузи духтараш истифода намудааст.
   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Кучаров Мурод Рустамович барои халалдор намудани тартибот ва оромии ҷомеа, ҳамчунин ба таври ғайриқонунӣ харидору нигаҳдорӣ ва истифодаи маводҳои пиротехникӣ тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 467 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб ва ба андозаи 1920 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin