• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиат: ҳабси мард барои аз мӯи сар кашола намудани ҳамсар
Баррасии муроҷиат: ҳабси мард барои аз мӯи сар кашола намудани ҳамсар

Баррасии муроҷиат: ҳабси мард барои аз мӯи сар кашола намудани ҳамсар

   Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ба миён овардани фазои солими оиладорӣ, мутаассифона ҳастанд боз нафароне, ки бо амалу кирдорҳои ношоям боиси озори аҳли хонаводаи худ мегарданд.
   Ҳафтаи ҷорӣ кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати бошандагони яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Борбад як нафар сокини биноро, ки павайста даст ба хушунати оилавӣ мезадааст, дастгир ва ба мақомот дастрас намуданд.
   Тавре зимни санҷиш муайян карда шуд, нафари дастрасгардида шаҳрванд Сафарзода Солеҳ Қудратулло санаи таваллудаш 02.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад буда, бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст. Аз ҷумла шаби 23 январи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 20.00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.


   Дар натиҷа нисбати шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin