Амалиёти шартии «Корд»: ҳабси марди кордбадаст

Амалиёти шартии «Корд»: ҳабси марди кордбадаст

   Тавре ба ҳамагон маълум аст, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 4-соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди пойтахт нисбат ба солҳои қаблӣ тадриҷан коҳиш ёфтааст.
   Аммо, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳанӯз бо худ гардонидани корду дигар намуд ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дар байни ҷавонону ноболиғон ба чашм мерасанд.
   Аз ҷумла, дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Ризоев Додихудо Сайдалиевич санаи таваллудаш 03.04.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино дастгир карда шуда, аз ӯ як адад корд мусодира гардид.
   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ризоев Додихудо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.


   Таҷрибаи тафтишотӣ собит намудааст, ки дар сурати бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пайдо гардидани оддитарин баҳсу муноқиша, аз он истифода шуда оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто то ба куштор оварда мерасонад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin