• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷаримабандии 2-маъмури маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон
Ҷаримабандии 2-маъмури маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

Ҷаримабандии 2-маъмури маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

  Шабгардиву машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ ба руҳу равони наврасон воқеан таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин замина кормандони милитсияи шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои пешгирикунандаро ба таври доимӣ роҳандозӣ менамоянд.
  Ҳафтаи ҷорӣ низ дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои профилактикӣ нисбати як чанд маъмурони марказҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
  Аз ҷумла зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Бобоев Муҳамаддовуд Орифович, санаи таваллудаш 29.09.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ. дар маркази компютерии воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-33, дар вақти шабона ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ба маркази компютерӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаст.


  Вобаста ба ин нисбати номбурда бо моддаи 464 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
  Инчунин ҳангоми санҷиши маркази компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Нодираи И.Сомонӣ, муайян карда шуд, ки дар он ҷо ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерианд. Гарчанде қаблан соҳибмулк ва маъмури маркази компютерии мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон расман огоҳонида шуда бошанд, ҳам аммо маъмури ин нуқтаи компютерӣ шаҳрванд Хуссиев Салоҳиддин Амонуллоевич, санаи таваллудаш 27.06.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳнаваки боло, ба хотири ба даст овардани маблағ талаботи қонунгузориро риоя накардааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати номбурда протокол тартиб дода шуда, ба андозаи 4-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 240-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin