• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷазои марди сархӯш: 5-шабонарӯз ҳабс барои азияти ҳамсар
Ҷазои марди сархӯш: 5-шабонарӯз ҳабс барои азияти ҳамсар

Ҷазои марди сархӯш: 5-шабонарӯз ҳабс барои азияти ҳамсар

  Аз меъёр зиёд нушидани машруботи спиртӣ дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуш анҷомида, афроди сархуш аз иҷрои ҳеҷ як амали нанговар даст намебардоранд. Мақомоти милитсия ҳолатҳои зиёдеро ба қайд гирифтааст, ки афроди нотавонманд дар ҳолати мастӣ даст ба ҷиноятҳои гушношунид задаанд. Махсусан, дар муҳити оила ба миён омадани муноқиша ва раво дидани зуроварӣ нисбати волидайну ҳамсар ва фарзандону дигар аъзои оила воқеан боиси ташвиш ва нигаронист.
  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар заминаи муроҷиати як нафар сокини пойтахт шаҳрванд Негматов Султон Исмоилович, санаи таваллудаш 13.07.1967, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Восеъро дастгир намуданд, ки номбурда пайваста ба нушидани машрубот майл дошта, муҳити носолими оилавиро ба миён овардааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳолати мастӣ пайваста тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамсар ва писари маъюби худро дар назди атрофиёну ҳамсояҳо мавриди озору азият қарор медодааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Негматов Султон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin