• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ
Ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

Ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

  Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ислоҳоти милитсия дарҷгардида, мулоқоту вохӯриҳои пайвастаи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо сокинон доир мегардад. Мулоқоти навбатии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо сокинони маҳаллаҳои Яккатут, Ҳосилот, Аллачабофон ва Шодиёнаи ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, сокинони маҳаллаҳои мазкур ва нозирони минтақавию фаъолони ҷомеа ширкат намуданд.


  Дар рафти мулоқот масъалаҳои то ин замон ҳаллу фаслгардида, мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мавриди баррасии васеъ қарор дода шуд. Тибқи иттилоъи масъулин ҳадаф аз баргузории ин қабил мулоқоту вохӯриҳо дар ҳошияи ислоҳоти милитсия ин вусъат бахшидани ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия ва ҷалби боварии мардум ба ин ниҳоди қудратӣ мебошад. Зеро ба таъкиди иштирокчиёни ҳамоиш, танҳо ҳамкорию боварӣ ба милитсия метавонад дар ҳаллу фасли мушкилоти гуногун дар ҷомеа мусоидат намояд.


  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҳамзамон чанде аз нозирони минтақавӣ, ки аҳолии минтақаи хизматиашон дар толор ҳузур доштанд, ба таври муфассал ҳисобот доданд. Дар ҷараёни ироаи ҳисобот нозирони минтақавӣ аз рафти корҳои анҷомдода, ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар давраи ҳисоботӣ, раванди иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ёдовар шуда, ба суолҳои аҳли толор низ посух гардониданд.


  Дар асоси нақшачорабиниҳои Шурои чамъиятӣ миёни наврасони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкилу роҳандозӣ гардида беҳтаринҳо муайян ва дар ҷараёни чорабинӣ қадрдонӣ гардиданд.
  Қобили зикр аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе соли 2015 бо мақсади таъмини иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар муҳокимаронии рафти ислоҳот дар сатҳҳои гуногун, расонидани интизориҳо ва таклифу пешниҳодҳо дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба инобат гирифтани ақидаҳои ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа, амалишавии назорати ҷамъиятӣ аз рафти ҷараёни ислоҳоти милитсия таъсис дода шудааст.


  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҳамзамон аз сокинон даъват шуд, ки баҳри ободониву нигоҳдошти иншоотҳои маъмуриву хизматрасонӣ ҳамчунин майдончаҳои варзишӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон саҳмгузор бошанд, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдори номатлуб дар ҷомеаро гирифт.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin