• Home »
  • ХАБАР »
  • Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ нисбати аъзоёни оила
Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ нисбати аъзоёни оила

Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ нисбати аъзоёни оила

   Дар баробари мубориза зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин як самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таъмини фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар оила ва пешгирии хушунату зуроварӣ дар оила равона карда шудааст.
   Ҳадафи асосии ин самти фаъолияти милитсия ин аз байн бурдани муноқишаву нофаҳмиҳои оиладорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёту оиладории солим мебошад, ки дар ин самт нозирони пешгирии зуроварии мақомоти милитсия фаъолияти назаррас доранд.
   Дар натиҷаи фаъолияти самараноки нозирони пешгирии зуроварӣ мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зуроварӣ дар оиларо ошкор ва нисбати поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон ва дигар аъзоёни оила чораҳои дахлдори қонунӣ меандешад.
   Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳафтаи ҷорӣ 2 ҳолати хушунати оилавӣ ба қайд гирифта шуда, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян карда шуд.
  Аз ҷумла, муайян гардид, ки шаҳрванд Шабонов Рамазон санаи таваллудаш 17.05.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Хоразмӣ дар ҳолати мастӣ аз кӯча ба хона омада, нисбати дигар аъзоёни оила дашномҳои қабеҳ зада, ҳамчунин бо овози баланд оромии дигар шаҳрвандону ҳамсоягонро халалдор намуда, даст ба хушунату зуроварӣ нисбати аъзоёни оилаи худ задааст.
   Дар натиҷа, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Шабонов Рамазон дастгир ва нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд.


   Ҳамчунин, ба ин монанд дар доираи муроҷиати як нафар зани сокини пойтахт шавҳари ӯ шаҳрванд Станкевич Павел санаи таваллудаш 24.09.1986 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, маҳаллаи Испечак ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Зимни санҷиши муроҷиат муайян карда шуд, ки номбурда нисбати ҳамсараш ҷавонзани 31 сола пайваста хушунату зуровариро раво медидааст, ки дар натиҷа ба тарбияи 3 нафар фарзандони ноболиғи оила таъсири манфӣ расонида мешавад.


   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Станкевич Павел тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin