• Home »
  • ХАБАР »
  • Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса»
Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса»

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса»

  Мақомоти милитсия шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши кормандони ҷавон пайваста семинар-машваратҳои омӯзишӣ, доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти корӣ аз қабили криминалистика, тафтишоту таҳқиқ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва бозрасиву нозирони минтақавӣ баргузор менамояд.
  Самти тафтишотии мақомоти милитсия, ки яке аз бахшҳои муҳим ба шумор меравад, пайваста аз ҷониби роҳбарият баҳри соҳибтахассус ва баланд бардоштани малакаи касбии муфаттишон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти муфаттишон омӯзишҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешавад. Бо ин мақсад семинари навбатӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳангоми сар задани ҷиноятҳои гуногун» доир карда шуд, ки дар он роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсии самти тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.


  Нахуст семинари омӯзишии мазкурро сардори Шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе майори милитсия Шарифзода Олим оғоз бахшида, таъкид намуд, ки муфаттишони милитсияи шаҳри Душанбе пайваста пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва таъмини тартиботу пешгирии ҷинояткорӣ саҳми боарзиши худро мегузоранд. Ба иттилои номбурда сол то сол сатҳу сифати тафтиши парвандаҳои дар пешбурди сохторҳои тафтишотӣ қарордошта беҳтар гардида, волоияти қонун дар раванди тафтишот меҳвари асосии фаъолияти кориро касб намудааст.


  Зимнан муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич аз таҷрибаи тафтишотӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, муфаттишони ҷавонро ба садоқатмандӣ ба касбу кор, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ ва риояи ҳатмии принсипҳои инсондӯстиву муқаррароти қонунгузорӣ даъват намуд.
  Сипас сардори шуъбачаи Шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Саидмуродзода Умед дар мавзӯи «Аназаргузаронии ҷойи ҳодиса» бо слайд-тасвирҳо ва мисолҳои мушаххас аз раванди тафтиши парвандаҳои дар истеҳсолот қарор дошта, маърӯзаи ҷолибу омӯзанда намуд.


  Дар қисмати дигари семинари мазкур иштирокдорон низ суханронӣ намуда, доир ба самтҳои гуногуни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мулоҳизаронӣ намуданд.
  Аз ҷумла, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан доир ба усул ва тактикаҳои азназаргузаронӣ ва баъзе мушкилоти дар ин самт ҷойдошта андешаронӣ намуд.


  Воқеан баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ ба кормандони ҷавон имкон медиҳад донишҳои худро такмил бахшида, аз таҷрибаи фаъолияти кории ҳамдигар малакаи касбии худро комил намоянд.
  Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе минбаъд низ баргузории чунин машғулиятҳои омӯзиширо роҳандозӣ намуда, ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin