• Home »
  • ХАБАР »
  • Паём: раҳнамои кормандони мақомоти милитсия
Паём: раҳнамои кормандони мақомоти милитсия

Паём: раҳнамои кормандони мақомоти милитсия

  Бо мақсади омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлӯҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид, дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино семенар-машварати омӯзишӣ бо иштироки ҳайати шахсии шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи мазкур доир гардид.


  Дар ҷараёни баргузории семенар-машварати мазкур сардори шубачаи тафтишотии ШВКД-1 дар н. Сино подполковники милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти кишвар дар рӯзҳои басо таърихӣ барои миллати тоҷик – таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ироа гардид. Ба андешаи номбурда Паёми Президенти кишвар тамоми паҳлӯ ва ҳадафҳои стратегии давлату миллати тоҷикро дарбар гирифта, каломи раҳнамо ва дастурамали гӯё барои ҳар як нафар ба ҳисоб меравад.


  Чуноне дар ҷараёни семинар-машварати мазкур таъкид гардид, роҳбарияти олии кишвар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, бо иншооти замонавӣ, техникаи муосир ва дастгирии молиявӣ таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ маоши кормандони мақомоти қудратиро ба андозаи 25% зиёд намуданд, ки воқеан иқдоми басо рӯҳбаландкунанда ва шоистаи таҳсин мебошад.


  Кормандони мақомоти милитсия дар ҷавоб ба ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рҳмон ба савганди худ содиқ монда, ҷиҳати таъмини назму тартибот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб синаи худ сипар намуда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти худро пеш мебаранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin