• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 120 000 дона маводи тарфгарии «Хлопушка»
Мусодираи 120 000 дона маводи тарфгарии «Хлопушка»

Мусодираи 120 000 дона маводи тарфгарии «Хлопушка»

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар фазои орому осишта таҷлил намудани Соли нави мелодӣ, ҷиҳати муайян ва дастгирсозии паҳнкунандагони маводҳои тарфгарӣ, ҳамзамон пешгирии истифодаи ғайриқонунии он тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, тамоми қувваҳоро бар он равона месозад, ки дар рӯзҳои таҷлили Соли нав фазои орому осудаи меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе таъмин гардад.


  Аз ҷумла дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Фарҳодов Билол Хуршедович соли таваллудаш 28.11.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Бустони вилояти Суғд бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ дастгир карда шуда, аз ӯ ба миқдори махсусан калон 120-ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардид.


  Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ-хлопушка) манъ гардида бошад, ҳам мутаассифона баъзе аз тоҷирону савдогарон манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурушу паҳнсозии он машғул мешаванд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда Фарҳодов Билол тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Маркази матуботи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin