• Home »
  • ХАБАР »
  • Модарозорӣ то ба кай? Ҳабси ду ҷавонмарди 48 ва 43 сола барои озори модарони пиронсолашон
Модарозорӣ то ба кай? Ҳабси ду ҷавонмарди 48 ва 43 сола барои озори модарони пиронсолашон

Модарозорӣ то ба кай? Ҳабси ду ҷавонмарди 48 ва 43 сола барои озори модарони пиронсолашон

   Дар натиҷаи пешбурди фаъолияти корӣ ҷиҳати таъмини фазои солим ва орому осудаи оиладорӣ ва ба ин васила аз байн бурдани хушунату муаммоҳои оиладорӣ, ки оқибат ба муноқишаҳои вазнини оилавӣ оварда мерасонад, кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷамъиятӣ пайваста дар паи кушоиши гиреҳу муаммоҳои оилавӣ дар минтақаҳои хизматии худ фаъолияти босамар мебаранд.
   Новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ҳануз ҳам баъзе афроде ёфт мешаванд, ки ба хотири оддитарин муаммои зиндагӣ даст ба гиребони модари пиронсоли худ зада, боиси озору дашном ва рехтани ашкони пургавҳари модар мешаванд. Модаре, ки….
  Ҳафтаи ҷорӣ дар доираи баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, муроҷиати як нафар модари солхӯрдае мавриди чораҷӯӣ қарор дода шуд, ки ба иттилои модари пиронсол номбурда аз дасти фарзандаш як нафар марди 48 сола озор дидааст.
   Дар доираи санҷиши муроҷиат муайян карда шуд, ки фарзанди пиразани солхӯрда шаҳрванд Латифов Абдуҷаббор Раҷабович санаи таваллудаш 29.09.1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ғафуров буда, баъди ба мақомоти милитсия дастрас гардидан охирон ҳолати кор мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Тавре муайян гардид, дар ҳақиқат шаҳрванд Латифов Абдуҷаббор санаи 10 декабри соли ҷорӣ зимни қарордошт дар манзили истиқоматиаш бо модараш ҷанҷол намуда, мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаааст. Номбурда ба гуноҳи содирнамудааш иқрор гардида, дар доираи чорабиниҳои профилактикӣ изҳор дошт, ки минбаъд ба ин гуна аъмоли зиддиқонунии шармовар даст нахоҳад зад.


   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Латифов Абдуҷаббор тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

   Ҳамзамон ба ин монанд, дар доираи муроҷиати як нафар модари дигар – пиразани 76 сола фарзанди ӯ шаҳрванд Самадов Довар Валиҷонович санаи таваллудаш 11.02.1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Зимни таҳқиқи қазия муайян гардид, ки дастгиршуда Самадов Довар дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳи ғайриинсонӣ гуфта, бо вайрон намудани тартиботи ҳуқуқӣ оромии ҳамсоягонро халалдор намудааст.


   Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Самадов Довар низ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin