• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рафти озмун: ҷаримабандии 7 нафар ронандагон аз рӯи расму навори иштирокчиён
Аз рафти озмун: ҷаримабандии 7 нафар ронандагон аз рӯи расму навори иштирокчиён

Аз рафти озмун: ҷаримабандии 7 нафар ронандагон аз рӯи расму навори иштирокчиён

   Дар идомаи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» аз ҷониби шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар Озмун миқдори зиёди қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон дар ҳудуди пойтахт наворбардориву расм гирифта шуда, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати далелҳои дар навору расмҳо инъикосгардида чораҳои қонунӣ андешида шавад.
   Зимни баррасии ҳар як далели расму наворҳои воридгардида ронандагони автомашинаҳо муайян карда шуда, нисбати ҳар як қоидавайронкунӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ мавриди тартибу баррасӣ қарор дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд. Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», аломати қайди давлатиаш 111XС01 шаҳрванд Қодиров Бахтиёр Розиқович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар самти муқобили роҳ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатиаш 0074МО01 шаҳрванд Комилов Ғанишер Абдураҳмонович соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Рӯдакӣ барои ба аломати роҳ итоат накарда, дар роҳи пиёдагард таваққуф намудан;

– ронандаи автобуси тамғаи «Акия», аломати қайди давлатиаш 8524ТТ05 шаҳрванд Достони Файзалӣ соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ барои ба аломати роҳ итоат накарда, бо гузоштани воситаи нақлиёт дар қатори дуюм ба фаровардану гирифтани мусофирон машғул гардидан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-элантра», аломати қайди давлатиаш 1908ТТ01 шаҳрванд Маҳмадов Насимҷон соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино, ронандаи ширкати мусофиркашони ҶДММ «Сафар Ориён» (таксӣ-1111) барои итоат накардан ба аломати роҳ ва хати яклухти дуқабатаро зер карда, ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 2370ТТ05 шаҳрванд Турақулов Содиқ Мелиқулович соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, ронандаи ширкати мусофиркашони ҶДММ «Сайёҳон» (таксӣ-3333) барои итоат накардан ба аломати роҳ ва хати яклухти дуқабатаро зер карда, ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-нексия», аломати қайди давлатиаш 9223НН07 шаҳрванд Сафаров Саидшо Идиматович соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҷамоати Саричашма, деҳаи Симчаков барои таваққуф намудани автомашина дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-тико», аломати қайди давлатиаш 4666RS01 шаҳрванд Абдураҳмонов Рустам Абдураҳмонович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, барои таваққуф намудани автомашина дар муқобили самт;

 Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони БДА бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin