• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Аз рафти озмун: ҷалби 10 ронанда ба ҷавобгарӣ ва фаъолнокии сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳо
Аз рафти озмун: ҷалби 10 ронанда ба ҷавобгарӣ ва фаъолнокии сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳо

Аз рафти озмун: ҷалби 10 ронанда ба ҷавобгарӣ ва фаъолнокии сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳо

   Чи тавре дар гузоришҳои қаблӣ иттилоъ дода будем, дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» сокинону меҳмонони пойтахти кившар, шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, бо мушоҳидаи ҳамагуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ онро ба навор ва расм гирифта, барои баррасӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.
   Дар доираи баррасии ҳар як далели расму наворҳои воридгардида то ба имрӯз боз 10 нафар ронандагони автомашинаҳо, ки талаботҳои Қоидаҳои ҳаркати роҳро дағалона вайрон намудаанд, муайян карда шуда, нисбати ҳар як қоидавайронкунӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартибу баррасӣ қарор дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд. Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалон», аломати қайди давлатиаш 0005КХ шаҳрванд Шарипов Парвиз Наимҷонович соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Қурбонов, барои дар байни роҳи мошнгард таваққуф намудани автомашина, ки дар натиҷа боиси маҳдуд гардидани ҳаракати нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии тролейбус гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 5100ОО01 шаҳрванд Шокиров Фатҳуддин Холович соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷомати Чимтеппа, маҳаллаи Гулистон барои хати яклухти дуқабатаро зер намуда, аз болои он ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 2224СТ шаҳрванд Одинаев Олимҷон Неъматуллоевич соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов барои ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар вақти сурх будани он ҳаракат намудан, ки дар натиҷа қариб 2 нафар пиёдагардро пахш менамуд;


– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 4072НА01 шаҳрванд Нусратов Беҳруз Ҳасанович соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, ҷамотаи Қарқамиш, барои итоат накардан ба чароғаки роҳнамо ва ҳангоми сабз будани аломати иловагӣ ба самти рост гардиш накардан, ки боиси тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-элантра», аломати қайди давлатиаш 0156ТТ09 шаҳрванд Раҳматуллоев Суҳроб Рустамович соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳаёти нав барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-солярис», аломати қайди давлатиаш 2304ТТ05 шаҳрванд Юнусов Баҳриддин соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сари осиё, барои таваққуф намудани автомашина дар зери аломати «Таваққуф манъ аст!»;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0077ЕМ01 шаҳрванд Шамсуллоев Сулаймон соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Шаҳристон барои аломати роҳро итоат накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», аломати қайди давлатиаш 111QO01 шаҳрванд Расулов Иброҳим Сироҷиддинович соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ, барои итоат накардан ба аломати роҳ ва дар қатори дуюми роҳи мошингард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс», аломати қайди давлатиаш 9674ТТ05 шаҳрванд Бобоҷонов Акмал Акрамович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев барои бо мусофирон дағалӣ намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс», аломати қайди давлатиаш 8502НР01 шаҳрванд Розиқов Фирдавс соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон барои ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти мусофиркашонӣ ва бо мусофирон дағалӣ намудан;

   Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони БДА бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin