• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Аз рафти озмун: сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаркати роҳ фаъоланд
Аз рафти озмун: сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаркати роҳ фаъоланд

Аз рафти озмун: сокинони пойтахт дар бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаркати роҳ фаъоланд

   Дар идомаи баррасии қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ, ки дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол гардидааст, ин навбат низ аз рӯи расму наворҳои воридгардида 10 нафар ронандагон барои дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаркати роҳ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд. Махсусан, нисбати ҳар як далели қоидавайронкунӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, баъди баррасӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», аломати қайди давлатиаш 7000OG03 шаҳрванд Ғайбуллоев Равшан Шамсуллоевич соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар болои роҳи оҳан таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», аломати қайди давлатиаш 0100RC01 шаҳрванд Мусоҷонов Ҳасан соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ барои талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуд, автомашинаро дар муқобили самти ҳаракат, байни роҳ ва болои роҳи пиёдагузар таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», аломати қайди давлатиаш 0002GJ01 шаҳрванд Раҳмонов Ҷовидон Сайраҳмонович соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Испечак барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», аломати қайди давлатиаш 1711ВМ01 шаҳрванд Саидов Саидбег соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навобод барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 1011GO01 шаҳрванд Арчаев Эҳсониддин соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 1234ХХ01 шаҳрванд Шавкатҷони Салимзода соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Улуғбек, барои хати яклухти дуқабатаро зер намуда, ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», аломати қайди давлатиаш 7843NN01 шаҳрванд Исмоилов Салимҷон соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав, деҳаи Узун барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 9877ЕАСТ шаҳрванд Мирзоев Дилшод Шералиевич соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар вақти сурх будани он ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Солярис», аломати қайди давлатиаш 0667ТТ09 шаҳрванд Муродов Файзалӣ Авазович соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», аломати қайди давлатиаш 1319ТТ07 шаҳрванд Ашуров Салоҳиддин Сафарович соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар роҳи пиёдагузар (пешеход) ба пиёдагардон роҳ надодан;

   Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони БДА бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin