• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рафти озмун: савдо дар ҷои муқаррарнашуда бартараф карда шуд!
Аз рафти озмун: савдо дар ҷои муқаррарнашуда бартараф карда шуд!

Аз рафти озмун: савдо дар ҷои муқаррарнашуда бартараф карда шуд!

  Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли расми савдо дар ҷои муқаррарнашуда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати фурӯшанда барои машғул шудан ба савдои кӯчагӣ ва риоя канардани қоидаҳои санитарӣ чораи қонунӣ андешида шавад.
   Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, шаҳрванд Муродов Шукрулло Сангмамадович санаи таваллудаш 13.02.1990 зодаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди бинои 18-и кӯчаи Неъмат Қарабоев ба фурӯхтани пойафзол машғул шудааст.


   Дар натиҷа нисбати номбурда барои савдо дар ҷои муқаррарнашуда тибқи талаботи моддаи 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, баъди ҷаримабандӣ ҳолати зиддиҳуқуқӣ пурра бартараф карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin