Аз рафти озмун: ронандае, ки баъди садама фирор кард, дастгир гардид

Аз рафти озмун: ронандае, ки баъди садама фирор кард, дастгир гардид

  Нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати роҳ махсусан, беэътиноӣ нисбати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар бештари маврид боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои нақлиётӣ мегардад.
  Аз ҷумла дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдори зиддиҳуқуқӣ» як нафар ҷавонзан, сокини пойтахт бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ» чораи қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда ҳангоми ҳаркат тавассути автомашинаи шахсиаш дар кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Сино ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», ки бо суръати баланд идора менамуд, ба қисмати пеши автомашинааш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаааст.
  Дар доираи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ» аломати қайди давлатиаш 3529OZ01 буда, ба шаҳрванд Лоиқов Хуршед Сайраҳмонович соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати 10 солагии Истиқлолият, деҳаи Пахтакор тааллуқ дорад. Баъдан автомашинаи мазкур ба майдончаи ҷаримавии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 334 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарк намудани ҷои садамаи нақлиётӣ маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, дар асоси маводҳои парвандаи маъмурӣ таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin