Аз рафти озмун: иштирокчиён хоҳони бартарафсозии қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ҳастанд!

Аз рафти озмун: иштирокчиён хоҳони бартарафсозии қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ҳастанд!

   То анҷоми озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» ҳамагӣ як рӯзи дигар боқӣ монда, аз рӯи маводҳои воридгардида фаъолнокии сокинону меҳмонони пойтахти кившар – шаҳри Душанбе ҷиҳати бартарафсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бештар мушоҳида карда мешавад. Омори воридгардидаи расму наворҳои озмунӣ шоҳиди он аст, ки бештари иштирокчиёни озмун аз қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ навор ва аксбардорӣ намуда, барои баррасӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда истодаанд.
   Дар навбати худ аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳар як муроҷиатҳои электронии воридгардида мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон муайян ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
   Аз ҷумла, ин маротиба низ аз рӯи аксу наворҳои воридгардида боз 19 нафар ронандагони қонуншикан, ки зимни идораи воситаи нақлиёт бархилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ амал намуда, қоидавайронкуниҳои дағали ҳаркатро содир намудаанд, муайян ва нисбати ҳар яки онҳо барои вайрон намудани талаботҳои Қоидаҳои ҳаркати роҳ тибқи муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, баъди баррасӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Порше», аломати қайди давлатиаш 0330СХ01 шаҳрванд Орзуев Ҷовидон Олимҷонович соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», аломати қайди давлатиаш 0007RD01 шаҳрванд Алиев Диловаршо соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи 1-уми май барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюми роҳи мошингард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 470», аломати қайди давлатиаш 0008DD04 шаҳрванд Ғуломойдаров Кишвар соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н.Сулаймоншо барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Раф 4», аломати қайди давлатиаш 2501OD01 шаҳрванд Раҳматуллозода Санҷар соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Ганҷавӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 0005ЕМ01 шаҳрванд Масов Алишер Наимович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 5858АD01 шаҳрванд Истамов Умед Бадриддинович соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 1997ХВ01 шаҳрванд Зоиров Сулаймон соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан, ки дар натиҷа ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», аломати қайди давлатиаш 1998JF01 шаҳрванд Ҷалилзода Азимҷон Маъруфҷон соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Дарвоз, деҳаи Ҷарф барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо пахш намудани хати яклухти дуқабата ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсвайген», аломати қайди давлатиаш 9207ТТ05 шаҳрванд Ҳоинов Алихон соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Солярис», аломати қайди давлатиаш 5115ТТ05 шаҳрванд Саидов Алишер соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳҳоров барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 8749ТТ05 шаҳрванд Шарипов Зинатулло соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский барои муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Рио», аломати қайди давлатиаш 1403ТТ05 шаҳрванд Шомирзоев Амирҷон соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қҳҳоров барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт идора намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра», аломати қайди давлатиаш 2102ТТ09 шаҳрванд Ибрагимов Идимат соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Фирдавсӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 2004ТТ05 шаҳрванд Ахмедов Иномиддин соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мастонгулов барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 8000АМ07 шаҳрванд Абдуназаров Нурмуҳаммад соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 3998ВС01 шаҳрванд Ҷамилов Фаридун соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ барои ба аломати чароғаки роҳнамо итоат накардан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 9225НА01 шаҳрванд Абдуллоев Бобо соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ховарон барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 8472ТТ05 шаҳрванд Сайдалиев Ҳоким соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лабо», аломати қайди давлатиаш 9086OZ01 шаҳрванд Мирзоев Абдуҳамид соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Гулистон барои муқобили самт таваққуф намудан;

   Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони БДА бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin