• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рафти озмун: боздошти ронанда бо рақамҳои қалбакӣ, ки ба таври худсохт рақами аслиро дигаргун кардааст
Аз рафти озмун: боздошти ронанда бо рақамҳои қалбакӣ, ки ба таври худсохт рақами аслиро дигаргун кардааст

Аз рафти озмун: боздошти ронанда бо рақамҳои қалбакӣ, ки ба таври худсохт рақами аслиро дигаргун кардааст

   Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» аломати қайди 0100РX07 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашина барои даст задан ба сохтакорӣ ва дигаргун кардани рақами қайди давлатии автомашина чораи қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои иштирокчии озмун, ронандаи автомашина ба таври худсохт яке аз ҳарфҳои силсилаи рақами давлатиро иваз намуда, ба ҷои раками аслии 0100RX01 бо рақамҳои қалбакии 0100РX07 дар ҳудуди шаҳр гаштугузор менамояд.
   Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи дар расм инъикосгардида Табарзода Муҳаммадҷони Абдуғанӣ соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ буда, автомашина ба майдончаи ҷаримавии ШБДА дастрас карда шуд.


   Дар вақти санҷиш муайян гардид, ки ронанда Табарзода Муҳаммадҷон бо сабаби аз қайди қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ тавассути камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» пинҳон мондани кирдорҳои зиддиҳуқуқиаш ба ин амали ғайриқонунӣ даст зада, рақами автомашинаро ба таври худсохт дигаргун кардааст. Зимни санҷиш бо махзани ягонаи камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» низ муайян гардид, ки дар ҳақиқат автомашинаи мазкур дорои 10 қоидавайронкунӣ бо рақамҳои қалбакӣ мебошад.
  Айни ҳол автомашина дар майдончаи ҷаримавӣ қарор дошта, нисбати ронанда барои сохтакорӣ ва бо рақамҳои қалбакӣ идора намудани автомашина таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin