• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Аз рафти озмун: аз рӯи расму наворҳои иштирокчиён 18 нафар ронандагон ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд
Аз рафти озмун: аз рӯи расму наворҳои иштирокчиён 18 нафар ронандагон ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд

Аз рафти озмун: аз рӯи расму наворҳои иштирокчиён 18 нафар ронандагон ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд

   Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» сокинону меҳмонони пойтахти кившар ба таври фаъолона иштирок намуда, то ба имрӯз миқдори зиёди кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳро ба навор ва аксбардорӣ намуда, барои баррасӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда истодаанд.
   Дар доираи баррасии ҳар як муроҷиатҳои электронии воридгардида ҳуқуқвайронкунандагон муйаян ва нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шуда итсодааст.
   Аз ҷумла, ин маротиба низ аз рӯи далелҳои воридгардида, ки аксари онро қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ташкил медиҳад, боз 18 нафар ронандагон муайян ва нисбати ҳар яки онҳо барои вайрон намудани талаботҳои Қоидаҳои ҳаркати роҳ тибқи муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, баъди баррасӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 0002ОА01 шаҳрванд Шокиров Шокироҷон Низомуддинович соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, хати яклухти дуқабатаро зер карда, ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 0020OD01 шаҳрванд Каримов Далер Анварович соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», аломати қайди давлатиаш 7770OD01 шаҳрванд Авлоқулов Ҷаҳонбек Шарофиддинович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳҳоров, барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатиаш 2007JJ01 шаҳрванд Баротов Мирзобаҳодур Муродович соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Истиқлол барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 8877DC01 шаҳрванд Ҷамуров Шуҳрат Берунович соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-элантра», аломати қайди давлатиаш 8980ЕА01 шаҳрванд Ишонқулова Кавсар Давлатовна соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Тезгари Боло барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 1996XR01 шаҳрванд Амираҳтамов Ҳамза Раҷабалиевич соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо пахш намудани хати яклухти дуқабата дар болои пул муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-СРВ», аломати қайди давлатиаш 2400ЕЕ01 шаҳрванд Абдувоҳидов Абдусамад Абдуқаҳҳорович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳаёти Нав барои муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 2269НН01 шаҳрванд Мавлонов Баҳодур Мирзомуддинович соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», аломати транзитиаш С5802Н07 (рақами давлатиаш 2796FF01) шаҳрванд Cаматов Комил Шукруллоевич соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Назрӣ, барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар роҳи пиёдагард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет-Спарк», аломати қайди давлатиаш 1992DB01 шаҳрванд Ашуров Салом Мухторович соли таваллудаш 1962, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш барои аломати роҳро итоат накарда, дар роҳи пиёдагардон таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 3058ТТ05 шаҳрванд Содиқов Абдуҳалим соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак, барои итоат накардан ба аломати роҳ ва дар қатори дуюми роҳи мошингард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 9671ТТ05 шаҳрванд Мирзораҳимзода Субатулло Абдулло соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҷои муқаррарнашуда таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Солярис», аломати қайди давлатиаш 8792ТТ05 шаҳрванд Мусаев Хайриддин Фазлиддинович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», аломати қайди давлатиаш 6700DT01 шаҳрванд Валиев Муҳаммадюнус Юсуфович соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский барои итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ва сангоми сурх будани он ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», аломати қайди давлатиаш 0003МР01 шаҳрванд Каримов Алиҷон Дустмуродович соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ барои аломати роҳро итоат накарда, дар роҳи пиёдагардон таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 4318ТТ05 шаҳрванд Зуҳуров Абдувоҳид Ҳусейнович соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев барои муқобили сатм ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 8248ТТ05 шаҳрванд Фатҳуллоев Муллошокир Мирзошарифович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон барои муқобили сатм ҳаракат намудан;

   Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони БДА бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin