• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Аз рафти озмун: аз рӯи расму навори иштирокчиён 16 нафар ронандагон боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!
Аз рафти озмун: аз рӯи расму навори иштирокчиён 16 нафар ронандагон боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!

Аз рафти озмун: аз рӯи расму навори иштирокчиён 16 нафар ронандагон боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд!

    Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», иштирокчиёни зиёде бо ирсоли навору расми қоидавайронкуниҳои воситаҳои нақлиёт аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагони автомашинаҳои дар расму наворҳо инъикосгардида баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
   Зимни баррасии расму наворҳои воридгардида ронандагони автомашинаҳо муайяну боздошт ва ба Шуъбаи бозрасии давлатии атомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбати ҳар як далели қоидавайронкунӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб ва мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 110YX01 шаҳрванд Ҷабборзода Қурбоналӣ Хайрулло, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, аз ҷои муайяннашуда ба тарафи чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 0707NO01 шаҳрванд Боқиев Валиҷон Амруллоевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисор барои ба аломати роҳ итоат накарда, автомашинаро дар болои гузаргоҳи пиёдагардон таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», аломати қайди давлатиаш 0002RZ01 шаҳрванд Ҳакимзода Ризвониддин соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Юсуф Вафо барои ба аломати роҳ итоат накарда, автомашинаро дар қатори дуюм таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 9000АЕ01 шаҳрванд Холов Шаҳром Хуршедович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров барои муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатиаш 0013QO01 шаҳрванд Зарифов Умедҷон Абдуллоевич соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ барои таваққуф намудани автомашина дар роҳи барои пиёдагардон пешбинишуда;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-камрӣ», аломати қайди давлатиаш 2226НН01 шаҳрванд Атавуллаев Муҳсин Маҳмадсаидович соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский барои муқобили самт ҳаракат намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», аломати қайди давлатиаш 1200AY01 шаҳрванд Сафарова Ситора Бободавлатовна соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем барои таваққуф намудани автомашина дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-лассетӣ», аломати қайди давлатиаш 0047СН01 шаҳрванд Шарипов Шамсиддин Талабхуҷаевич соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ барои ба аломати роҳ итоат накарда, автомашинаро дар болои гузаргоҳи пиёдагардон таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-каролла», аломати қайди давлатиаш 6189OZ01 шаҳрванд Саймуддинов Кароматулло Абдусалоҳович соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати Пушёни поён барои таваққуф намудан дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс», аломати қайди давлатиаш 3970СТ01 шаҳрванд Мадёров Давлатёр Амирхуҷаевич соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров барои таваққуф намудани автомашина дар ҷои муқаррарнашуда ва маҳдуд намудани ҳаракати авомашинаи Ёрии таъҷилӣ;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-лассетӣ», аломати қайди давлатиаш 6234ТТ05 шаҳрванд Исмоилов Икром соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, кӯчаи И.Сомонӣ барои таваққуф намудани автомашина дар роҳи барои пиёдагардон пешбинишуда;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-вектра», аломати қайди давлатиаш 4903СР01 шаҳрванд Ҳабиб Алӣ соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Муҳаммадиев барои хати яклухти дуқабатаро зер карда, ба самти чап гардиш намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», аломати қайди давлатиаш 9940RK01 шаҳрванд Хайруллоев Бахтиёр соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Гулистон барои таваққуф намудан дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», аломати қайди давлатиаш 5655ТТ05 шаҳрванд Бобохонов Олимҷон Хурсандмуродович соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов барои итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ва ҳаракат ҳангоми ранги сурх;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 1501ТТ09 шаҳрванд Асоев Шарифҷон Тағоймуродович соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб, кӯчаи Чармгарони поён барои то охири хатсайр нарасонидани мусофирон;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 6189СР01 шаҳрванд Қурбонов Ҷомӣ Пираҳмадович соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб, ҷамоати Зиракӣ барои хати яклухти дуқабатаро зер карда, ба самти чап гардиш намудан;

   Мӯҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
   Мӯҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin