• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рафти озмун: автомашинае, ки дар давродаври эстокада муқобили самт ҳаракат мекард, боздошт гардид!
Аз рафти озмун: автомашинае, ки дар давродаври эстокада муқобили самт ҳаракат мекард, боздошт гардид!

Аз рафти озмун: автомашинае, ки дар давродаври эстокада муқобили самт ҳаракат мекард, боздошт гардид!

  Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли расми қоидавайронкунии автомашинаи тамғаи «Хундай» аломати қайди давлтиаш 7000ZG01, ки дар давродаври роҳи сеқабата (эстокада)-и маҳаллаи 82 муқобили самт ҳаракат мекард, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашина чораи қонунӣ андешида шавад.
  Зимни баррасии қоидавайронкунӣ муайян карда шуд, ки ронанда Азизов Ҷамшед Тураевич соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров буда, бинобар вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбаташ дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои минбаъд содир накардани чунин кирдор зиддиҳуқуқӣ огоҳонида шуд.


  Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед. Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin