• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷавондухтари 17 сола аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд!
Ҷавондухтари 17 сола аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд!

Ҷавондухтари 17 сола аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд!

  Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 10.15 як нафар ҷавондухтари 17 сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дорои касалии руҳӣ мебошад, бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст.
  Дар ҳамин ҳол шаҳрванд Ғоибов Сафаралӣ Гулмаҳмадович санаи таваллудаш 20.08.1990 истиқоматкунандаи кӯчаи Қаҳоров, ҳавлии 32, ки манзили истиқоматиаш дар рӯ ба рӯи макони содиршавии ҳодиса воқеъ аст, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир ва ба дохили дарё даромада, ҷавондухтари ғарқи обро ба берун баровардааст.
  Айни ҳол вазъи саломатии ҷавондухтари 17 сола хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас ва таҳти назорати табибон қарор дорад.
  Оид ба ҳодиса мазкур санҷиш идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсат ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin