• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавонписар барои бо худ гардонидани корду дубинкаи худсохти оҳанин
Ҳабси ҷавонписар барои бо худ гардонидани корду дубинкаи худсохти оҳанин

Ҳабси ҷавонписар барои бо худ гардонидани корду дубинкаи худсохти оҳанин

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 3-соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард, махсусан корд нисбат ба солҳои қабл коҳиш ёфтааст.
  Аммо чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҳанӯз бо худ гардонидани корду дигар намуд ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дар байни ҷавонону ноболиғон ба чашм мерасанд. Таҷрибаи тафтишотӣ собит намуд ки дар сурати бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пайдо гардидани оддитарин баҳсу муноқиша оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто то ба куштор оварда мерасонад.
  Тавре пештар иттилоъ дода будем, то решакан гардидани ин падидаи номатлуб ва мусодираи силоҳи сард милитсияи шаҳри Душанбе баргузории амалиёти «Корд»-ро дар кӯчаю хиёбон, минтақаҳои хизматӣ ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ идома медиҳад.
  Аз ҷумла, зимни баргузории амалиёт шаҳрванд Ҳоҷии Талбак санаи таваллудаш 1.01.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дастгир карда шуда, аз ӯ як адад корд ва дубинкаи худсохти оҳанин мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳоҷии Талбак протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.
  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми калонсолон, падару модарон, масъулини мақомоти дар тарбияи ноболиғон манфиатдор ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки назорат ва таълиму тарбияро нисбати фарзандони худ пурзӯр намуда, нагузоранд то наврасону ноболиғон корду дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонида, даст ба амалу кирдори ношоиста зананд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin