• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ронандаи дағалгуфтор барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ
Ҳабси ронандаи дағалгуфтор барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ

Ҳабси ронандаи дағалгуфтор барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ

  Як нафар сокини пойтахт бо аризаи шикоятӣ ба унвонии роҳбарияти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада Приора» рақамҳои қайди давлатиаш 7077УА01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда ронандаи автомашинаи мазкур роҳи пиёдагузари назди боғчаи кӯдаконаи «Лола» воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо банд намуда, монеи гузаштани пиёдагардон шудаааст. Бар замми ин номбурда аз пайи ислоҳи қоидавайронкунии худ нагардида, бо муроҷиаткунанда даст ба гиребон ва дар назди атрофиён бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задаст.
  Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада Приора» рақамҳои қайди давлатиаш 7077УА01 шаҳрванд Юнусов Азиз Турсунбекович санаи таваллудаш 06.09.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маҳмудбек, оиладор соҳиби 3-фарзанд буда, дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Зимни пурсиш ва таҳқиқи ҳодисаи мазкур пурра муайян карда шуд, ки дастгиршуда Юнусов Азиз дар ҳақиқат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи муроҷиаткунандаро паст задаст.
  Бо назардошти ин нисбати Юнусов Азизҷон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin